СОКИНОНИ АЙНИРО БА ЗАФАРОБОД МЕКӮЧОНАНД
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 оилаи дар натиҷаи борони пуршиддат ва омадани сел ба деҳаҳои Путхин ва Зосуни ноҳияи Айнӣ зарардида ба ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод кӯчонида мешаванд. Дар ин бора қарори махсуси раиси вилояти Суғд ба имзо расид. Тибқи қарори мазкур аз ҳисоби буҷети вилоятӣ барои сохтмони 22 адад хонаҳои сеҳуҷрадор дар ҷамоати деҳоти Ҷомӣ барои муҳоҷирони ноҳияи Айнӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур 158000 (як саду панҷою ҳашт ҳазор) сомонӣ ва барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани муҳоҷирон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод 42000 (чилу ду ҳазор), ҷамъ 200000 (ду сад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Қобили қайд аст, ки таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба осебдидагони офати табиӣ баръало эҳсос мегардад ва мардуми зарардидаи ноҳияи Айнӣ минбаъд низ кӯмаку дастгирӣ хоҳанд дид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






