СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ БА МАБЛАҒӢ 4 МИЛЛИОН $ БА ИМЗО РАСИД

Сентябрь 8, 2010 14:23

      Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади татбиқи лоиҳаи  ҷадид оид ба  идоракунии  партовҳои сахти маишӣ 8 сентябр байни шаҳрдории Душанбе ва  Бонки Аврупоии таҷдид  ва рушд  Созишномаи грантӣ  ба маблағи 4 миллион доллар ба имзо расид.     Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов,  Созишномаи грантиро аз ҷониби шаҳрдории Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров  ва аз ҷониби  Бонки  Аврупоии таҷдид ва рушд  намояндаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Улф Хиндстром имзо гузоштанд.        Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур ба маблағи  беш аз 10 миллион доллар, ки аз он 60, 4 % грант (4 миллион $ гранти инвеститсионии  Ҳукумати Нидерландия ва 1 миллион евро кӯмаки техникии ҳукумати Шветсия  ва фонди грантии бонк) ва 39, 6% (4 миллион $)  қарзи дарозмуддат мебошад, татбиқ карда мешавад.        Алҳол тибқи Созишномаи қарзии мазкур байни шаҳрдории Душанбе ва Бонки Аврупоии таҷдид  ва Рушд оид ба татбиқи  марҳилаи дуюми Лоиҳаи  идоракунии  партовҳои  сахти маишии пойтахт  ба имзо расида,  дар пойтахт Маркази  татбиқи Лоиҳаи  «Идоракунии  партовҳои сахти маишӣ» таъсис дода шудааст.      Дар асоси Созишномаи мазкур  техникаҳои коммуналии партовкашон, қуттиҳои зарруӣ барои ҷамъоварии партов дар  партовгоҳҳои шаҳрӣ харида мешавад. Мӯҳлати татбиқи Созшнома се сол  буда, маблағи  қарзӣ дар тӯли 15 сол пардохт карда мешавад.

Сентябрь 8, 2010 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад