ВАКИЛОН ДАР СУҒД МУЛОҚОТ ОРОСТАНД

Сентябрь 14, 2010 09:57

         Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова, вакилони мардумӣ Домуллоҷон Ҷабборов, Шодӣ Шабдолов, Маҳмадшариф Нозимов, Исмоил  Талбаков ва Абдузафар Иномов бо интихобкунандагони худ дар коллеҷи тиббии шаҳри  Хуҷанд, корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» ва толори маҷлисгоҳи  ҷамоати деҳоти  «Қистакӯз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқот карданд.          Тибқи иттилои сардори  маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот вакилон бо интихобкунандагон роҷеъ ба дурнамои  миёнамӯҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ барои се соли оянда, рушди соҳаҳои  энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, хароҷоти шаффофу  мақсадноки маблағҳои буҷетӣ,  содда намудани низоми андозбандӣ  ва оммафаҳм гардонидани  санадҳои меъёрию ҳуқуқии  марбут ба андозситонӣ ва соири масоили рушди ҷомеа маълумоти мукаммал доданд.          Бояд зикр кард, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муддати 10 рӯз  вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ мулоқот менамоянд.

Сентябрь 14, 2010 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад