«ҚИЁМИ РӮЗ» ДАР ГАМБУРГ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Филми бадеии коргардони кинои тоҷик Носир Саидов «Қиёми рӯз», ки аз рӯи асари Сафари Ҳақдод ба навор гирифта шудааст, аз рӯи ҳисоб ҷоизаи ҳаштумро дар кинофестивали байналмиллалӣ, ки аз 17 то 26 сентябр дар шаҳри Фукуокои Ҷопон доир гардид, сазовор шуд. Дар фестивал танҳо як мукофоти «Ҷоизаи тамошобин» таъсис шуда буд. Бо роҳи овоздиҳӣ ва пур кардани маълумотнома филми тоҷикӣ дар радифи корҳои иштирокчиёни дигари фестивал аз Корея, Тайланд, Хитой, Индонезия, Ҳиндустон, Эрон, Австралия, Ҷопон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо, беҳтарин дониста шуда, соҳиби ҷоизаи тамошобинон гардид. Ин баҳои баландро филми «Қиёми рӯз» барои нишон додани ҳақиқатнигорӣ соҳиб шуд. Манзараи зебои дараи Варзоб, ки филм он ҷо наворбардорӣ шуда буд, либоси миллии қаҳрамонҳои филм, нақши диққатҷалбкунандаи ҳунармандон, оҳангҳои Далер Назаров ҳамаи ин дар якҷоягӣ ҷопониҳоро ба ваҷд овард ва онҳо санъати баланди синамогарони тоҷикро қадршиносӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми мазкур 21 августи соли гузашта дар кинотолори Ҷомӣ намоиш дода шуда буд. Пас аз ин дар 14 озмуни филмҳои бадеии калонҳаҷм дар фестивалҳои байналхалқии Маскав, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса ва дигар давлатҳо намоиш дода шуд. Иҷрокунандаи нақши асосӣ Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Русия Юрий Назаров соҳиби ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид. Рӯзҳои наздик филми «Қиёми рӯз» дар киноҷашнворае, ки аз 3 то 9 октябр дар шаҳри Гамбурги Олмон мегузарад, намоиш дода мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






