ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН БА БРИТАНИЯИ КАБИР МЕРАВАД
Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нахустин сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ ба Британияи Кабир моҳи ноябри соли 2010 ҷараён хоҳад гирифт, ки он дар таърихи муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард. Ин матлабро роҳбари гурӯҳи парлумонии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Лорд Вейверлӣ зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баён кард. Лорд Вейверлӣ расман даъват ба миён овард, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сарварӣ намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов иттилоъ дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






