ҲАВАСМАНДӢ-ОМИЛИ ПЕШРАФТ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- Кишоварзони хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то ба ин дам зиёда аз 13 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд. Соли ҷорӣ деҳқонони хоҷагӣ дар майдони 6840 гектар чигит кишт намуда буданд. Тавассути меҳнати босамар, истифодаи самараноки обу замин ва сари вақт гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ кишоварзони ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия ҳосили хуби пахта рӯёниданд. Махсусан деҳқонони кооперативи истеҳсолии Файзалӣ Саидови ноҳия имсол пешсафи маъракаи ҳосилғундорианд. Деҳқонони ин хоҷагӣ аз 11 гектар замин зиёда аз 25 сентнерӣ ҳосил ҷамъ оварданд. Соли ҷорӣ кишоварзони хоҷагии мазкур тухмии навъи флора коштанд, ки он ҳосили хуб дод ва нахи он аз 40 % фоиз зиёд аст. Аксари хоҷагиҳои ноҳияи Ҷомӣ бо корхонаи пахтатозакунии «Баракати Ҷомӣ» шартномаи ҳамкорӣ доранд. Корхонаи мазкур маблағи ҳар кило пахтаи қабулнамудаашро сари вақт месупорад. Роҳбарони корхона ба ҳар тонна пахтаи аз хоҷагиҳо қабулнамуда 700 долларӣ маблағ мепардозанд. ҶММ «Навобод» низ яке аз корхонаҳои пешсафи коркарди пахтаи ноҳия буда, бо 550 хоҷагии деҳқонии ноҳия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Кормандони ҷамъият то ин муддат аз хоҷагиҳо 2500 тонна пахта қабул намудаанд. Роҳбарияти ҷамъият чун дигар корхонаҳои коркарди пахта маблағи пахтаи хоҷагиҳоро сари вақт мепардозад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






