ҶАШНВОРАИ ХУШНАВИСОН

Октябрь 12, 2010 15:16

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 13 октябр дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО бо ҳузури мақомоти Тоҷикистон, сафирон, намояндагиҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар он ҳунари хушнависон аз давлатҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи фарҳангии ЭКО созмон дода шудааст. Дар назар аст, дар маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Раиси  Муассисаи фарҳангии ЭКО Ҳуҷатуллоҳи Аюбӣ иштирок ва баромад хоҳанд намуд. Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз дар осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзод ифтитоҳи намоишгоҳи осори хушнависони кишварҳои узви ЭКО оғоз меёбад. Бояд қайд намуд, ки Намоишгоҳи хушнависии ЭКО тӯли ду ҳафта- аз 13 то 27 октябри соли равон идома меёбад.

Октябрь 12, 2010 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад