АМАЛИШАВИИ «СТРАТЕГИЯ — 2020»
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бонки Осиёгии Рушд ҳамеша тарафдори баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани ташаббуси занон мебошад,- иброз дошт намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Текеши ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои ҳамин манбаъ, барномаи дарозмӯҳлати «Стратегия — 2020» чун қувваи пешбаранда оид ба тағйири ҳаёти гендерии ҷомеъ хоҳад буд. Бонки Осиёгии Рушд оид ба лоиҳаи мазкур ҳанӯз соли 2008 600 ҳазор доллар барои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷудо намуд ва он аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои пилотии ин лоиҳа- Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол, Нурободи водии Рашт дохил мегарданд. Лоиҳа оид ба дастгирии хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ, аз қабили картошкапарвар, коркарди пашм, меваю сабзавот ва хушконидани он, ҷамъоварии гиёҳҳои доруворӣ, мурғу занбӯриасалпарварӣ нигаронида шудааст. Алҳол аз рӯи ин лоиҳа 175 ҷои нави корӣ таъсис дода шуда, 800 нафар занон аз курсҳои махсуси тахассусӣ гузаштанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






