АЗ САНҶИШИ МУТОБИҚАТ ГУЗАРОНИДА ШУД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади татбиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» дар 1978 корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ санҷишу корҳои профилактикӣ гузаронида шуда, 174 ҳазору 174 адад воситаҳои ченак таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор дода шудааст,- иброз доштанд дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба гуфти директори Агентии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ озмоишгоҳи метрологии «Тоҷикстандарт» 239 ҳазору 308 адад воситаҳои ченакро аз санҷиши мутобиқат гузаронидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 19 ҳазор адад зиёдтар аст. Ба гуфти ҳамин манбаъ, аз воситаҳои ченаки аз санҷиш гузашта 112 ҳазору 168 ададро воситаҳои ченаке ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода карда мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






