БАҒОҶДУЗДӢ КОҲИШ МЕЁБАД

Октябрь 25, 2010 16:33

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Бо сабаби вақтҳои охир афзудани  ҳодисаҳои дуздиву ғорат кардани маводи  дохили   бағоҷи  мусофирони меомада қарор   шуд, ки  санҷиш  гузаронида шавад,  иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ   муовини директори КВД «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» Азиз Иброҳимов.           Ӯ иброз дошт, ки  бо ин мақсад аз ҷумлаи кормандони фурудгоҳ, ШКД назди фурудгоҳ, кормандони хадамоти гумрук комиссия таъсис ёфта, он   аз  16 то 24 августи соли равон ҳолати бағоҷҳои рейси 628 – и хатсайри Маскав (Домодедово) — Душанберо  санҷид.  Зимни  гузаронидани  санҷиш  82 ҳодисаи осеб дидани бағоҷҳо, аз ҷумла 23  ҳодисаи  дуздиву ғорат кардани маводи   дохили  бағоҷи  мусофирон аниқ карда шуд. Санҷишҳо нишон доданд, ки дуздиву ғорат кардани маводи   дохили   бағоҷи  мусофирон маҳз дар фурудгоҳи Домодедово ба амал меоянд. Роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе қарор дод, ки оид ба ин масъала бо роҳбарияти фурудгоҳи Домодедово мулоқоти корӣ  анҷом  диҳад. 6 октябр ин мулоқот дар Маскав (Домодедово) барпо гардид,  ки   дар анҷоми он Протоколи ҳамкорӣ оид ба ҳалли қазияи мазкур ба имзо расид. Феълан ҳодисаҳои дуздиву ғорат кардани маводи   дохили   бағоҷи  мусофирони рейси № 628 ба мушоҳида намерасад.  А.Иброҳимов,  ҳамчунин,  қайд кард, ки низоми  парвози ҳавопаймоҳо  аз фурудгоҳ аз омилҳои зиёд чун вазъи обу ҳаво, дер омадани ҳавопаймоҳо, ба ҷойҳои холӣ  шинонидани  мусофирон, тағйир ёфтани вақти парвоз, иваз кардани навъи ҳавопаймоҳо, аз назар гузаронидани мусофирон ва бағоҷ ба манфиати амнияти парвоз   вобаста аст. Теъдоди чунин таъхирҳо  дар давраи ҳисоботӣ 550 – то буд. Сабабҳои асосӣ: дер омадани ҳавопаймоҳо; носозии техникаи авиатсионӣ; номусоидии обу ҳавои фурудгоҳе, ки бояд парвоз дар он сурат мегирифт; номусоидии обу ҳавои фурудгоҳи қабулкунанда  ва ғайра мебошад,-  зикр намуд  А.Иброҳимов.

Октябрь 25, 2010 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад