БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ИНДОНЕЗИЯ ГУРӮҲИ ДӮСТӢ ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД

Октябрь 12, 2010 10:26

Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Имрӯз фурсати он расидааст, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Индонезия гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис дода шаванд», гуфт зимни мулоқоташ  Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари ҳайати парлумонии Индонезия Муҳаммад Росийд Ҳидоят. Дар мулоқот,  ҳамчунин, таъкид гардид ки боздиди ҳайатҳои  парлумонии Тоҷикистону Индонезия аз кишварҳои ҳамдигар бояд ба ҳукми анъана дарояд, зеро шиносоии ҳайатҳои парлумонӣ бо фаъолияти ҳамкасбони худ дар мавриди таҳия ва қабули санадҳои муҳими аҳамияти дохиливу байналмилалидошта мусоидат менамояд. Мусоҳибон зимни баррасии сатҳи ҳамкориҳои  иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Индонезия афзуданд, ки  ҳамкориҳо ҷавобгӯи  имконият ва потенсиали мавҷуда нестанд. Баъд аз анҷоми мулоқот ҳайати парлумонии Индонезия аз китобхона  ва толору маҷлисгоҳҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.  

Октябрь 12, 2010 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад