БОЗДИД АЗ НАВОҲИИ ЗАРАРДИДА
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Рӯзҳои 7 — 8 октябри соли равон ҳайати ҳукуматии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Оқил Оқилов дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ дошт. Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо сарбанди канали Чӯбек ва саддҳои соҳили дарёи Панҷ ошно гардид. Сарвазири мамлакат ба роҳбарону масъулини вазоратҳои дахлдор ва вилояту ноҳияҳо барои вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳо, пешгирии обхезиҳо, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷудогардида супоришу маслиҳатҳои судманд дод. Сарвазири кишвар ба ноҳияи Восеъ низ сафари корӣ намуда, бо корҳои соҳилмустаҳкамкунии мавзеъҳои Қурбоншаҳид, Чорбоғ ва Ангурбоғ шинос гардид. Бояд гуфт, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақа аз ҷониби кормандони идораҳои масъул ба таври ҳашар гузаронида мешавад. Ҳамчунин, сарвазири кишвар дар шаҳри Кӯлоб бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии сойи Тебалай ва барқарорсозии пулҳое, ки дар натиҷаи омадани сел моҳи майи соли равон вайрон шуда буданд, ошно гардид. Гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Мӯъминобод сафар намуда, бо вазъи иншооти обрасон ва пойгоҳҳои обкаш шинос гардид. Зимни шиносоӣ гурӯҳ дар деҳаи Туту аз рафти барқарорсозии купрӯки ин деҳа дидан намуд. Сипас ҳайати ҳукуматӣ аз мавзеъҳои селзадаи маркази ноҳияи Темурмалик ва деҳаи Шибанай низ дидан намуда, бо вазъи корҳои барқарорсозӣ аз наздик ошно гардид. О.Оқилов ба роҳбарони ноҳия барои мустаҳакам намудани соҳилҳои хавфноки Сурхобу Тоҳирсӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои оилаҳои аз фалокати табиӣ зарардидаи ноҳия ва саривақт расонидани кӯмак ба онҳо супориш дод. Сафари ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии сарвазири кишвар Оқил Оқилов ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб идома дорад. Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии сафар ошно гаштан бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, вазъи пойгоҳҳои обкаш, боздид аз мавзеъҳои зарардида ва барқарорсозии иншооти вайроншуда мебошад. Мавриди зикр аст, ки Оқил Оқиловро дар ин сафар муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, роҳбарону масъулини Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии давлатии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигарон ҳамроҳӣ менамоянд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






