БОЗГАШТИ МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК АЗ АМРИКО
Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 10 нафар муҳаққиқи бахши ҷамъиятшиносии Тоҷикистон аз Амрико баргаштанд. Онҳо муддати се ҳафта аз 9 то 30 сентябри соли 2010 дар Вашингтон бо усулҳои амалии нашри натиҷаҳои таҳқиқот таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, аз ҳамкасбони амрикоии худ роҳҳои самараноки таъсиррасонии марказҳои таҳқиқотии Амрико ба сиёсати давлатиро омӯхтанд. Инчунин, онҳо аз марказҳои илмию таҳқиқотии ҷамъиятӣ, хусусӣ ва давлатӣ боздид намуда, таъсири таҳқиқоти сиёсати давлатиро ба раванди сиёсатсозӣ аз бар карданд. Иштирокчиёни барнома тарзҳои ҳифзи манфиатҳои ҷомеа аз ҷониби марказҳои таҳқиқотию илмӣ ва таъсири маблағгузории хусусиро ба пешрафти таҳқиқот омӯхтанд. Таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар Амрико бо ташаббуси Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ва маблағгузории Сафорати Амрико дар Душанбе ҷараён гирифт. Сафари мутахассисони тоҷик ҷузъи барномаи табодули «Робитаи ҷомеаҳо» буда, он барои роҳбарони созмонҳои соҳибкорӣ ва касбии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон имконияти таҷрибаомӯзӣ дар Амрикоро пешниҳод менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






