ДАР СУҒД ДУ ТЕРРОРИСТ КУШТА ШУД
Душанбе, 21 октябр. ( АМИТ «Ховар») — Имрӯз, 21 октябр дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷӯстуҷӯи аз ҷониби кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти вилояти Суғд, қароргоҳи ду нафар аъзои фаъоли созмони террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон-Мухтасар Мирамонова, соли таваллудаш 1985 ва Акрамов Насимҷон, соли таваллудаш 1985 муайян карда шуд. Дар рафти гузаронидани амалиёти зидди террористӣ номбурдагон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти сахти мусаллаҳона нишон доданд бо оташи ҷавобӣ дар натиҷа дар ҷои ҳодиса кушта шуданд. Ҳангоми азназаргузаронии маҳалли амалиёт дар минтақаи Чилдухтарони Исфара 2 дона автомати Калашников бо 5 тирдон ва зиёда аз 200 тир, 1 норинҷаки тамғаи Ф-1, 1 адад таппончаи тамғаи Макаров бо зиёда аз 30 дона тир ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира шуд. Бояд гуфт, ки дар амалиёт кормандони мақомати корҳои дохилӣ, қушӯнҳои сарҳадӣ, вазорати дифоъ ва прокуратураи вилояти Суғд ширкат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






