ИФТИТОҲИ ОЗМУНИ ДРАМНАВИСОН
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 15 октябр давом мекунад. Дар ифтитоҳи озмун Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ баромад намуда, барои иштирокчиёни он бурдбориҳо ва муваффақиятҳо орзу намуд. М. Асрорӣ иброз дошт, ки озмун бояд ҷиддӣ ва масъулиятнок гузашта, барои театрҳои мамлакатамон беҳтарин асарҳоро интихоб ва пешкаш намояд. Бояд гуфт, ки ба ин озмун 8 асар пешниҳод шудааст: инҳо «Тулӯъ. Муколамаҳои академик»-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, «Моҷарои ишқ»-и Садри Умар, «Достони Сомон»-и Озарахш, «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и Абдулҳафиз Қодиров ва Иброҳим Усмонов, «Дуо диҳед, қиблагоҳ»-и Шодӣ Солеҳ, «Свет маяка»-и Ато Ҳамдам, «Шоҳроҳ-орзуи асарҳо»-и Самад Ҳасанзода ва «Зиндамаргон»-и Муҳаммад Ғоиб, мебошад. Озмун рӯзи 15 октябр ҷамъбаст шуда, ғолибон бо мукофоти арзанда қадрдонӣ мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






