ИФТИТОҲИ САЙТИ ШӮРОИ АДЛИЯ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Адибаи Азиз). — Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов, аз ҷумла чунин иттилоъ дод: «Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ 3 нафар судяҳо бо сабаби ба вазифаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва муовини Раиси Суди Олӣ интихоб шуданашон, 8 нафар аз судяҳо бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои ишғолкардаи худ озод гардиданд». Таъмини судҳои ҷумҳурӣ бо кодексу адабиёти ҳуқуқӣ зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дошта, аз ҷумла дар ин давра бо пуштибонии Филиали Ҷамъияти Швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналмиллалӣ «ХЕЛВЕТАС», «Намунаҳои қарорҳои судӣ марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ» бо теъдоди 420 адад дар шакли китоби алоҳида аз чоп баромад, ки дар он тартиби таҳия намудани ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи талаботи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Тозатарин хабар дар ин нишаст кушодашавии сайти Шӯрои адлия буда, хонандагон метавонанд матлабҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои алоҳида ва шахсиятҳои масъул маълумоти зарурӣ пайдо намоянд. Дар анҷом, Зафар Азизов матбуотӣ шудани даъвоҳои судиро чун далели рушди демократия дар Тоҷикистон маънидод карда, ҳамзамон, ҳимояи ҳуқуқи инсонро аз баландтарин арзишҳои қонун дониста, илова намуд, ки ба Шӯрои адлия дар 9 моҳи охир 8 нафар шаҳрванд барои таҳқири шахсият ва дифои ҳуқуқҳои инсонӣ муроҷиат кардаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






