КДАМ: — ҶИНОЯТКОРИ ХАТАРНОК БЕЗАРАР ГАРДОНИДА ШУД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли равон кормандони мақомоти амнияти кишвар дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД Тоҷикистон дар яке аз нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Тавилдара боз як ҷинояткори хатарнок – Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли равон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буд, безарар гардониданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз ин ҷиноятпеша 1 адад пистолети Макаров ва як адад автомати Калашников бо шумораи зиёди лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Қағни вилояти Таҳори ҶИА, тибқи моддаҳои 333 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 200 қисми 4, пунктҳои «г» ва «д»-и КҶ ҶТ маҳкум гардидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






