КОРКАРДИ САМАРАНОКИ ПАХТА ДАР «САМАР»
Восеъ, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).—Ширкати хусусии «Самар» — и ноҳияи Восеъ ба коркарди пахтаи соли 2010 шурӯъ намуд.То ин дам ба корхона беш аз 2000 тонна ашёи хом ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 800 тонна зиёд мебошад. Хайриддин Қувватов ҷонишини аввали ширкати мазкур вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки аз ин ашёи хоми воридгардида 630 тоннааш коркард шуда, аз он 190 тонна нахи соф ба даст омадааст. Ба иттилои манбаъ корхона дар ду баст фаъолият дошта, дар он 400 нафар коргарон ба коркарди пахта сафарбар гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки ашёи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ бо пули нақд харида шуда, ба ҳар тонна пахта 700 доллари амрикоӣ маблағ пардохт мегардад, ки ин барои пешрафти кори хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат менамояд. То ин муддат роҳбарияти корхона бо 160 хоҷагии деҳқонӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида, мувофиқи шартнома амал намуда истодаанд. Қобили тазаккур аст, ки корхона аз пардохти андоз, ҳифзи иҷтимоӣ ва барқ қарздор набуда, баръакс ба идораи фурӯши барқ 27000 сомонӣ маблағ пешпардохт намудааст. Инчунин, Хайриддин Қувватов афзуд, ки дар корхона сехҳои коркарди равған, сехи риштабарорӣ, коркарди афшурдаи меваю сабзавот, матоъбофӣ мавҷуд буда, масъулини корхона нақша доранд дар оянда дар дохили корхона сехи собунпазиро ба роҳ монанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






