МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ПИТЕР ДЕ КРЕМ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Белгия Питер де Кремро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия ва авзои минтақа баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ аз сатҳи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари натиҷаҳои сафари расмии порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Белгия ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳарду ҷониб ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва поксозии ҳудуду марзҳои Тоҷикистонро аз мина ва дигар маводи тарканда густариш хоҳанд дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоию амниятии ду кишвар низ густариш ёфта, ба таҳкими оромию субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон мусоидати фаъол менамоянд. Дар робита ба авзои Афғонистон иқдомҳои ахири ҳукумати ин кишвар дар бобати ҷустуҷўи роҳҳои сиёсии ҳалли қазия, бахусус таъсиси Шўрои сулҳ бамаврид арзёбӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории ҳамаҷиҳатаи худро ба чунин тадбирҳои судбахши ҳукумати Афғонистон бараъло намоиш диҳад, зеро бе дастгирии ҳамаи мо ноил шудан ба коҳиши хатар аз ин кишвар амри муҳол аст”. Питер де Крем ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд. Зимни баррасии роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъии дар роҳи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ эҷодгашта Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки Белгия чун кишвари соҳибнуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ ва ба хусус бо имконоти раёсати худ дар Иттиҳоди Аврупо барои рафъи ин ҳолатҳои номатлуб саҳми намоён мегузорад. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро доир ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






