ОҒОЗИ ФОРУМИ ЗИЁИЁНУ ЭҶОДКОРОН
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Имрӯз дар шаҳри Маскав Форуми V зиёиён ва эҷодкорони давлатҳои узви ИДМ дар мавзӯи «Ҳамкории инноватсионӣ ва башардӯстона-заминаи рушди бемайлони кишварҳои Иттиҳод», ифтитоҳ гардид. Дар кори Форум зиёда аз 500 намоянда аз тамоми кишварҳои ИДМ, аз ҷумла намояндагон аз Ҷумҳурии Точикистон иштирок доранд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар форуми мазкур масъалаҳои рушди ҳамкориҳои касбӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, робитаҳои оммавӣ, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ мегарданд. Дар чаҳорчӯби Форум ҷаласаи нақшавӣ ва муҳокимаи 7 мавзӯи касбӣ, аз ҷумла «Маориф, фаъолнокии академӣ ва меҳнатии ҷавонон», «Илми технологӣ ва инноватсионӣ», «Дастгирии насли ҷавони иттиҳод», «Мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва санъати муосир», «Васоити ахбори омма, адабиёт ва фаъолияти ноширӣ», «Сайёҳати фарҳангшиносӣ», «Экология ва ҳифзи муҳити зист» дар назар дошта шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои мубоҳиса тавсияҳои мавзӯӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ қабул мешаванд. Бояд зикр кард, ки Форуми зиёиён ва эҷодкорон ҳамасола дар яке аз пойтахтҳои давлатҳои узви ИДМ бо иштироки роҳбарони кишварҳои иштирокчӣ ва бо дастгирии Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстона ва Фонди байналмилалии ҳамкориҳои башарӯстона доир мегардад. Аз соли 2006 инҷониб Форумҳо дар шаҳрҳои Маскав, Остона, Душанбе ва Кишинев баргузор гардидаанд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






