РОҲИ ОҲАН ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини сардори нақлиёти мусофиркашони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Андрей Тропин, миёни роҳиоҳанчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҷалби кормандони сохторҳои марбута оид ба гум шудани бор дар ҳудуди роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Бино ба гуфти А. Тропин, комиссия ҳар як ҳолати нобуд шудани борро ба тарзи ҷудогона санҷида баҳо медиҳад. Дар сурати собит шудани даъвоҳои пешниҳодгардида, шикати «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» маблағи бори гумшударо ҷуброн хоҳад кард. Аз тарафи дигар, вазъият оид ба озод кардани қатораҳо тавассути роҳи оҳани Ӯзбекистон беҳтар шудааст. Агар пештар тавассути самти ҳаракати роҳи оҳани Ӯзбекистон — вилояти Хатлон аз 10 то 15 қатора иҷозат дода шуда бошад, ҳоло дар як шабонарӯз то 40 қатора дар ин самт ҳаракат мекунад. Айни замон дар самти ҳаракати роҳи оҳани Ӯзбекистон- Хатлон 103 қатора дар банд аст. Дар самти ҳаракати Душанбе дигар мушкилот вуҷуд надорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






