ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).- Дар рафти ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 29 октябр баргузор гардид, масъалаи тағйироти кадрӣ баррасӣ шуд. Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Маҳмудҷон ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои хориҷии ҶТ ва Низомиддин Зоҳидов, ки пеш аз ин ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Хӯчанд ба номи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамуд, муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ таъин гардиданд. Ваҳҳоб Набиев, ки муовинии раиси вилояти Суғдро ба ӯҳда дошт, ректори донишгоҳи мазкур таъин гардид. Ҳамчунин, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ишғолнамудааш озод гардид. Ба ин мақом бо Қарори Ҳукумати ҶТ Ҳабибулло Нозирӣ таъин шуд. Номбурда пештар ҳамчун сармуҳаррири ҳафтонамаи «Адабиёт ва санъат» фаъолият намуда, инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати сеюм низ буд. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Исроил Алямов муовини сардори сарраёсат оид ба назорати давлатӣ ва бехатарии корҳо дар саноати кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ таъин гардид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






