ЁДИ НЕК АЗ АЛЛОМАИ ЗАМОН

Октябрь 13, 2010 17:03

           Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Чанде пеш дар Маркази фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Ҳиндустон 26-умин ҷаласаи Анҷумани адабии Бедил баргузор гардид, ки мавзӯи кори он ба осору рӯзгори мутафаккирони оламшумули Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ғании Кашмирӣ бахшида шуд.             Дар кори он шоиру нависандагон, пажӯҳишгарон, намояндагони дипломатии муқими ин кишвар ва ҳаводорони каломи маърифатии ҳарду нобиғаи нотакрори ирфон аз манотиқи гуногун иштирок намуданд.             Дар рафти кори Анҷуман Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон С. Саидов суханронӣ намуда,  аз моҳияти осор ва фаъолияти маърифатии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва обрӯву эътибори ин алломаи замонаҳо   ёдовар гардид.             Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.      

Октябрь 13, 2010 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад