ҚУЛЛАҲОИ НАВИ САНЪАТИ ҶОНИБЕК МУРОДОВ

Ноябрь 29, 2010 15:57

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) -Муваффақияти ҳайратангези истеъдоди сарояндаи машҳур Ҷонибек Муродов, бешубҳа, на танҳо суръаташро паст намекунад, балки рӯз то ба рӯз меафзояд. Ҷонибек Муродов қуллаҳои баланди санъатро фатҳ менамояд, акнун таронаҳои ӯро метавон дар Федератсияи Русия ва Молдовиа дастрас намуд. Дар албоми навбатӣ "Ман на манам, на ман манам", ки 9 сентябри соли 2010 ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид, дастоварди ситора — ҷои пешсаф аз рӯи иштирок дар хит-парадҳои Осиёи Марказӣ акс кунонида шуд. Ширкати "JM" бо маркази продюсерии "Союз" шартномаи 3-соларо имзо намуд, ки ҳамаи ҳуқуқҳо ба таснифоти калидноки мусиқии муаллиф ва сароянда JONI BEK дар мамлакатҳои Аврупо ва Федератсияи Русия ба ҶДММ "Студия Союз" тааллуқ доранд. Сурудҳои сарояндаи ҷавони тоҷик Ҷонибек Муродовро ҳамакнун ҳаводоронаш метавонанд, аз тамоми нуқтаҳои фиттафурӯшии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дастрас намоянд.

Ноябрь 29, 2010 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад