«АЛИФБОИ НИЁГОН ДАР БАЗМИ ХОНАНДАГОН»
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чунин ном дорад дастури таълимию методии Мирзовалӣ Абдуллозода, ки бо тавсияи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ нашр гардид. Дастури мазкур бо таҳрири нав ва иловаҳо ба китоби «Алифбои гӯё»-и муаллиф дар соҳаи таълиму тарбия ҳамчун маводи илова ба дарсҳои забони форсӣ дар мактабҳои миёна пешниҳод шудааст. Як ҷиҳати характерноки «Алифбои ниёгон дар базми хонандагон» он аст, ки шогирдон қоибилияти мустақилона хондану сарфаҳм рафтани онро доранд. Дар қисми дуюми ин дастур як боби хеле шавқовар бо номи «Чистонгӯякон» ҷой дода шудааст, ки барои боз ҳам мустаҳкам намудани дониши толибилмон воситаи қулай мебошад. Ин мавод ҳам барои толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳам барои омӯзгороне, ки ба таълими ин фан машғуланд, ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






