БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Ноябрь 4, 2010 16:35

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли  аҳолӣ  ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  16-умин солгарди қабули  Сарқонуни ҶТ чорабинии тантанавӣ баргузор  гардид. Дар ин маросим директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Нурулло Маҳмадуллоев кормандонро бо ин рӯзи фархунда  табрик намуда, Конститутсияро чун санади тақдирсози имрӯзу фардои ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Сипас, Абдуллоҳи Қодирӣ-сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентӣ доир ба аҳамияти Конститутсия ва дар мавзӯи «Конститутсия-кафили рушди ҷомеаи адолатпарвар ва волоияти қонун» маърӯза намуд. Дар интиҳои нишаст дар мавриди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бобҳои алоҳидаи Конститутсия саволу ҷавоб сурат гирифт.

Ноябрь 4, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад