БОЗ ДУ ДАВРАИ ЭМКУНӢ БОҚӢ МЕМОНАД

Ноябрь 22, 2010 10:10

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори генералии маркази эмгузаронии ҷумҳурӣ Шамсиддин Ҷобиров, соли оянда боз ду давраи эмгузаронии кӯдакон дар назар аст. Акнун Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ чӣ гуна қарор қабул мекунад ва ташкилоти байналмилалии тандурустӣ чӣ тавсия пешниҳод мекунад ин ба салоҳдиди онҳо вобаста аст. Аммо соли 2011 боз дар ду давра эмгузаронии кӯдакон бар зидди бемории фалаҷ пешбинӣ шудааст. Ин ба он вобаста аст, ки ҳангоми эмгузаронӣ ҷӣ қадар барангезандаҳои зидди бемории фалаҷ дастрас мегардад.    — Мо эмгузарониро то давраи пайдо кардани боварӣ тавассути назорати эпидемиологӣ, ки ин навъи беморӣ дигар вуҷуд надорад, давом медиҳем,- мегӯяд Ш. ҷобиров.    Боис ба ёдоварист, ки ҳодисаи охирини бемории фалаҷ (полиомиелит) ҳанӯз 4 – уми июли соли 2010 ба қайд гирифта шуда буд.    Танҳо баъд аз пешниҳоди далели мӯътамад дар бораи вуҷуд надоштани бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, ба Тоҷикистон статуси кишвари озод аз бемории фалаҷ дода мешавад.  

Ноябрь 22, 2010 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад