ДАР ХИЗМАТИ МАЪЮБОНУ ПИРОНСОЛОН
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар муассисаи давлатии «Хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» 173 нафар шахсони барҷомонда ва маъюб ба нигоҳубин ва табобат фаро гирифта шудаанд. Боис ба ёдоварист, ки хона — интернати мазкур ҳанӯз соли 1972 барои 180 нафар пиронсолон сохта ба истифода дода шуда буд. Муассиса дорои 4 шӯъбаи умумӣ ва як шӯъбаи барҷомондагон буда, дар он ба 173 нафар беморону маъюбон хизмат расонида мешавад. Бо дастгирии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2009 шӯъбаи барҷомондагон аз таъмир бароварда шуда, барои 50 нафар маъюбон ва беморони бистаришуда ҷои нави нигоҳубину табобатӣ ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар ин муассиса имкони нигоҳ доштани 230 нафар беморон ва пирони барҷомонда вуҷуд дорад. Бино ба иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ , шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии бошандагони ин муассиса зери назорати директор, табибон ва ҳамшираи ғизосанҷ қарор дорад. Дар муассиса барои зимистон хуб тайёрӣ дидаанд. Дар фасли зимистон аз печҳои гармидиҳии обу бӯғ истифода бурда мешавад. Дар сурати набудани барқ аз дизел истифода карда мешавад, ки он тамоми хонаҳои зистро бо оби гарм ва рӯшноӣ таъмин карда метавонад.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






