ФАВТИ ЯК ТОҶИК БАР АСАРИ САДАМА ДАР МИСР
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб хабар доданд, 15 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шармушшайх шаҳрванди Тоҷикистон Атахонов Мухтор Музаффарович, соли таввалудаш 8 июли 1980, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, рақами шиносномаи хориҷиаш Т 593428, ки ба сифати сайёҳ аз тариқи Москва ба Миср ворид гардида буд, бар асари садама бо мототсикл ба ҳалокат расид. Ўро дар ин сафар шаҳрванди Тоҷикистон Олимов Шўҳрат Ҳалимович, санаи таваллудаш 31.08.1982, зодаи вилояти Суғд, рақами шиносномаи хориҷиаш Т805772 ҳамроҳӣ мекард ва ӯ дар садама ҷароҳати сабук бардоштааст. Ширкати суғуртаи Миср дар асоси ваколати Сафорат тамоми расмиёти лозимаро барои фиристодани фавтида ба Ватан анҷом дод ва ҷасади марҳум рўзи 22 ноябри соли ҷорӣ аз Қоҳира бо хатсайри рақами 729 ба фурудгоҳи Домодедовои Москва ба таври ройгон фиристода хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






