ФАЗОИ ИДОНАИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Пагоҳ, 16 ноябр мусулмонони ҷаҳон иди сайиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳои мусулмонии дунё иди Қурбон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин рӯз соати 7.45 дақиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ намози иди Қурбон гузошта мешавад. Баъди гузоштани намоз мардум ба хонаҳои ҳамдигар рафта, ин рӯзи сайидро ба якдигар табрику таҳният мегӯянд. Оростани дастархони идона, ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафтан аз фазилатҳои иди мубораки Қурбон аст. Инчунин, дар ин рӯз мардум ба қабристонҳо рафта, дар сари қабри гузаштагони худ дуою фотеҳа хонда, рӯҳу арвоҳи гузаштагонро шод мегардонанд. Фазилати дигари Иди Қурбон қурбонӣ кардани чорво буда, аз чор як ҳиссаи гӯшти қурбониро ба барҷомондагон ва камбизоатон тақсим менамоянд. Умед аст, ки Иди Қурбон дар сарзамини Тоҷикистон ба рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ рост меояд, дар фазои ҳамдилию рафоқат, дӯстиву садоқат, бародарӣ ва дар доираи арзишҳои волои дини мубини Ислом таҷлил мегардад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






