КӢ НАРХИ ҚАНДРО БОЛО МЕБАРАД?

Ноябрь 29, 2010 10:32

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агар дар давоми 10 моҳи соли 2009 ширкатҳои таҳвилкунанда ба ҶТ 106 ҳазор тонна қанд ворид карда бошанд, дар 10 моҳи соли ҷорӣ  ҳамагӣ 85 ҳазор тонна қанд ворид карда шудааст, ки ин боиси боло рафтани нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ гардидааст,- иттилоъ доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар».    Иқтисодчиён сабаби якбора боло рафтани нархро дар шароити номусоиди обу ҳавои  давлатҳои таҳвилкунандаи қанд ба Тоҷикистон аз ҷумла, Полша, Покистон, Бразилия, Белорус, Эрон ва Озарбойҷон медонанд.    Агар нархи қанд дар охири соли 2009 барои як тонна 375 доллари амрикоиро ташкил дода бошад, пас он дар давоми  моҳҳои январ — ноябри  соли  2010 ба 456 доллар баробар шудааст.    Идораи зиддиинҳисории назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ сабаби рақобати ноодилонаи ширкатҳои воридкунандаи қандро, ки боиси боло рафтани нарх гардидааст, мавриди санҷиш қарор додааст. Аммо мусаллам   аст, ки ширкатҳо бо вуҷуди нисбат ба соли 2009 камтар ворид кардани қанд фоида ба даст оварданд, зеро агар дар моҳи ноябри соли 2009   як кило  қанд  бо нархи 3 сомонию 60 дирам ба савдо бароварда шуда бошад, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ  қимати як кило қанд ба 6 сомонӣ расида  аст ва чунон ки дар урфият мегӯянд «об ба лаби ҷӯй баробар»  шудааст.    

Ноябрь 29, 2010 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад