МАҲСУЛОТИ АРЗОН ДАР РОҒУН
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 16-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 4 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор намуд. Дар ярмарка хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Рашт, Ҷиргатол, Тавилдара, Корхонаҳои воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» ва КВД «Моҳии Тоҷикистон» маҳсулоти зиёди кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшт 2,8 тонна, равған 200 кг, тухм- 42 ҳазор дона, асал 1,7 тонна, картошка 19 тонна, биринҷ 2,7 тонна, моҳӣ 450 кг ва зиёда аз 20 тонна меваю сабзавоти гуногунро бо нархҳои 20-30 фоиз нисбат ба бозор арзонтар пешкаши харидорон гардониданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






