МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини аввали директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдулҳамид Сайфуллоев, корхонаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани вазъи техникии худ тибқи қарзи имтиёзнок харидани зиёда аз 200 адад техникаи махсуси коммуналӣ бо иттиҳодияи «Сюан — Юан»- и Ҷумҳурии Мардумии Чин Меморандуми ҳамкории дарозмуддат ба имзо расонид. Мӯҳлати амалишавии он 3 сол аст. Ҷиҳати тадбиқи амалии Меморандум шартномаи хариди техника омода шудааст. Боис ба ёдоварист, ки аз 475 техникаи махсуси коммуналӣ 175 адади он корношоям аст. Корхона бо 70 фоизи техникае, ки мӯҳлати истифодабарии он кайҳо гузаштааст, кору фаъолият мекунад. Бо амалӣ шудани шартномаи мазкур фаъолияти корхона самараи бештар оварда, вазъи хизматрасонӣ беҳтар хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






