МУАРРИФИИ СИСТЕМАИ МОНИТОРИНГ ВА ОГОҲКУНӢ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе муаррифии системаи мониторинг ва огоҳкунӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев ва директори кишварии Барномаи Рушди СММ Ростислав Врбенски иштирок ва суханронӣ намуданд. Ф.Ҳамралиев ва Р.Врбенски бо мақсади анҷом додани корҳои омодагӣ барои таҳия ва татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ-ро ба имзо расониданд. Мақсади асосии Ёддошти ҳусни тафоҳум аз он иборат аст, ки сохтори ҳамкориҳо ва мусоидати фаъолияти муштараки ҷонибҳо ҷиҳати бунёди иқтидорҳо дар бахши системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ муайян гардад. Сипас, аз ҷониби коршиносон системаи мониторинг ва огоҳкунӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Зикр гардид, ки татбиқу истифодаи системаи мазкур воқеан барои ҷумҳурӣ як механизми самаранок ҷиҳати таъмини идоракунии ҳолати фаврии иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳсуб мегардад ва барои қабули қарорҳои таъҷилӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд таҳти ҳамоҳангсозии бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо амалӣ мегардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






