МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО СИМОН ФРАЙЗЕР

Ноябрь 4, 2010 08:26

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзерро ба ҳузур пазируфт. “Мо Британияи Кабирро яке аз шарикони муҳими худ дар Аврупо мешуморем ва ҳавасмандем, ки муносибатҳои мо бемайлон рушду густариш ёфта, соҳаҳои гуногунро фаро бигиранд”- изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз барпо шудани заминаи хуби қарордодӣ – ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва чанде аз кишварҳои аврупоӣ қаноатмандӣ зоҳир намуда, изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкории наздик бо Британияи Кабир низ ба роҳ монда мешавад. Дар робита ба вазъи Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти сулҳҷуёнаи ҳукумати ин кишвари азияткашида, аз ҷумла таъсиси Шўрои сулҳ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки “давлатҳо ва созмонҳои мададрасони Афғонистон дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти он бояд аз имконоти иқтисодию зербиноӣ ва нерўи башарии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон васеъ истифода баранд ва мо барои ин ҳамаҷониба омодаем”. Симон Фрайзер дар робита ба ин мавзўъ изҳор намуд: — “Британияи Кабир нақши Тоҷикистонро дар бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи мардуми Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо он густариш диҳад, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод ва савдо ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва ҳамлу нақл”. У ҳамчунин изҳор дошт, ки “Британияи Кабир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика  афзалияти бештар хоҳад дод”. Барои ба сатҳи матлуб баровардани муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Британия Кабир ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, мубодилаи афкор дар масъалаҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъсиси заминаи ҳу?у?ии ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф, бахусус иқтисод ва савдо аз вазифаҳои аввалиндараҷа номида шуд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Ноябрь 4, 2010 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад