НИСФИ МАБЛАҒИ БУҶА БАҲРИ РУШДИ МАОРИФ
Бадахшон, 18 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар ВМКБ тайи 6 соли охир ба хотири рушди соҳаи маориф беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Ҳар сол 50 дар сади буҷаи вилоят дар ихтиёри маорифчиён қарор дорад. Аз соли 2008 то ин ҷониб дар ҳудуди вилоят 68 мактаби замонавӣ бунёд гардид. Дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб фаъолият дорад, ки бинои аксари ин мактабҳо дар даврони Истиқлолият бунёд гардидаанд. Дар солҳои охир бошад ҳар сол 3 – 4 мактаб мавриди истифодаи хонандагон қарор мегирад. Кулли мактабҳои миёна дорои утоқҳои компютерианд. То охири соли ҷорӣ боз ду мактаби нав мавриди истифода қарор мегирад. Қисмати зиёди омӯзгорони макотиби ноҳия хатмкардаҳои донишгоҳҳои омӯзгории кишваранд. Дар даврони истиқлолият, ба вижа, солҳои охир ҳар сол то 10 – 12 нафар хатмкардаҳои макотиби ноҳия шомили калонтарин донишгоҳҳои кишвар ва берун аз он мегарданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






