РОҲХАТИ КОР БАРОИ 64 НАФАР
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард), -Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи И. Сомонӣ дар якҷоягӣ бо Раёсату шӯъбаҳо дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино дар саҳни маркази ҷумҳуриявии фарҳангии «Ориёно» дар санаи 12 – уми ноябри соли 2010- ум ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд. Дар ин ярмарка 28 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷӯён 1855 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Тибқи мувофиқаи қаблӣ бо шабакаҳои телевизонии «ТВТ- 1», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон » ва радиои Тоҷикистон гузоришу мусоҳибаҳо оид ба баргузории ярмарка ва ташкили ин чорабинӣ, ки барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор мусоидат мекунад, сабт шуданд. Тибқи ВАО сардори Раёсати АДҲИШАМ дар ноҳияи Фирдавсӣ Олимов А, сардори Раёсати АДҲИШАМ дар ноҳияи Шоҳмансур Насриддинов А, директори Биржаи меҳнатии ҷавонон Кабутов А, сармутахассиси шӯъбаи ташкили методии маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ Ғозив Ҳ. менеҷери ташкилоти «Тоҷик авиатур» Шукришоева Ш. ва корҷӯ аз ноҳияи. И. Сомонӣ Ҳасанов А. фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. Дар ярмаркаи зикршуда ба 64 нафар корҷӯён роҳхат дода шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






