САНЪАТИ ТОҶИК-ТАСХИРГАРИ ТУРКМАНИСТОН

Ноябрь 18, 2010 11:52

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 10 то 14 ноябри соли равон дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо муваффақият баргузор гардид. Ҳайати расмиро дар чорабиниҳои идона вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги назди Президенти ҶТ Сафаралӣ Қурбонов, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Дилафрӯз Амирқулова муаррифӣ намуданд.              Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанг арбобони санъати тоҷик ба сокинони Ашқобод барномаи калони консертиро намоиш доданд. Дар барнома устодони машҳури санъати сарояндагӣ, мусиқӣ ва раққосӣ, ҳамчунин, ҳунармандони театри давлатӣ ва драмавии  ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи беҳтарини худ бо номи «Кабки қафас»-ро пешкаши тамошобинон гардониданд. Нависандагону шоирони тоҷик бо истиқоматкунандагони кишвари бародар мулоқоти эҷодӣ доир намуда, китобҳоро ба намоиш гузоштанд.   12 ноябр дар осорхонаи санъати тасвирии Туркманистон ба номи Сафармурод Туркманбошӣ Ниёзови шаҳри Ашқобод намоиши расмҳои суратгири  машҳур Шукурҷон Ёров баргузор гардид. Ӯ асарҳои худро, ки баёнгари ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  илмии зиндагии тоҷикистониён буд, намоиш дод. Дар бисёр мусаввараҳои ин рассом манзараҳои зебою нотакрори кӯҳистони тоҷик-дарёҳо, кӯлҳо, ҳамвориҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва иншооти муосири меъморӣ тасвир ёфтаанд. Тасвирҳои охирини суратгир ба фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ», ки чанде пеш баргузор гашта, дар он намудҳои зиёди либосҳо ва зару зевари миллии занона, ки духтарон ва занони зебою мӯйдароз бо ин либосҳо баромад намуданд, бахшида шуда буд.    «Маро хоҳиши самимонаи тамошобинони намоишгоҳ, ки мехостанд ҳарчӣ бештар дар бораи кишвари мо, фарҳанг, санъат ва ҳаёти тоҷикон ошноӣ пайдо намоянд, мутаассир намуд. Онҳо бо таваҷҷӯҳи зиёд суратҳоеро, ки Тоҷикистони воқеиро дар солҳои соҳибистиқлолӣ  ифода менамуд, тамошо намуданд. Чунин намоишҳо пеш аз ҳама барои наздик шудани халқҳоямон, ки дорои таърихи умумии қадима, фарҳанг ва дин мебошанд, кӯмак мерасонанд. Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон  дар Тоҷикистон чун Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ба 20-солагии Истиқлолияти давлатҳои собиқ Шӯравӣ бахшида шуда буд», -иброз намуд рассом Ш. Ёров. 

Ноябрь 18, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд