СУҒД;-92 000 ТОННА ПАХТАҶАМЪОВАРӢ ШУД
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки санаи 3-уми ноябр ҳаҷми истеҳсоли «Тиллои сафед» дар вилоят зиёда аз 92-ҳазор тоннаро ташкил дода, дурнамои истеҳсоли пахта таъмин гардид. Заркорони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Конибодом, Истаравшан, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров пайи ҳам аз иҷрои дурнамои солона мужда расониданд, ки саҳми онҳо дар оростани хирмани пахтаи вилоят назаррас мебошад. Бояд қайд намуд, ки иҷро гардидани дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят барои вусъат ёфтани рафти ҷамъоварӣ дар ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод таккони ҷиддӣ бахшида, пахтакорони ин ноҳияҳо кӯшиш доранд ҳосили рӯёнидашударо пурра ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки кишоварзони вилоят дастгирӣ ва кӯмаки амалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди соҳа, махсусан соҳаи пахтакорӣ пайваста эҳсос намуда, барои тавсияҳои муфид, дастгирӣ ҷиҳати таъмин бо тухмиҳои хушсифат, тухмипошакҳо ва заҳрдоруҳои кимиёвӣ арзи сипос менамоянд. Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд соли ҷорӣ дар майдони 53977 гектар чигит кишт шуда, дурнамои истеҳсоли пахта 92 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






