ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ноябрь 22, 2010 15:57

Хоруғ. 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). –   Рӯзи  22  ноябри соли ҷорӣ  ба шарафи  Рӯзи парчами   Ҷумҳурии  Тоҷикистон донишҷӯён ва  устодони  Донишгоҳи  Давлатии  шаҳри  Хоруғ дар  ҳамбастагӣ бо  Раёсати  ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии  ВМКБ  бо парчами  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  масофаи 3 км  раҳпаймоӣ  намуданд. Сипас, соати 11     дар  толори  калони  Донишгоҳи  Давлатии   шаҳри  Хоруғ дар  мавзӯи  «Парчам яке  аз  рамзҳои  асосӣ  ва  нишони  соҳибихтиёрии давлат»,   конфронси  илмӣ — адабӣ  баргузор гардид. Саҳни  толори   донишгоҳ  бо овезаҳо ва  парчамҳо оро  дода  шуда,  таҳти  суруди  «Қасам» се  тан донишҷӯ бо  парчами  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз даромадгоҳи  асосӣ  вориди  толор   гарданд. Ҳозирин бо  қарсакзании  пурмавҷ ҳагоми ворид сохтани      парчами  ҷумҳурӣ аз ҷой  бархестанд. Сипас, профессор, ректори  донишгоҳ Г.Ҷангибеков  бо  суханҳои  табрикӣ  баромад   намуд.   Баъд   донишҷӯён  дар  боби  Парчами   давлатӣ,  Ватан,  сулҳу  амонӣ  шеърҳо қироат  намуданд. Конфронси  илмию  адабӣ  бо  суруди  «Қасам» поён  ёфт.   

Ноябрь 22, 2010 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад