ТЕАТРИ ЛӮХТАКИ ЧКАЛОВСК 60 – СОЛА ШУД

Ноябрь 29, 2010 10:30

             Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). – 27  ноябр дар  шаҳри  Чкаловски  вилояти  Суғд  ба  муносибати 60 – солагии  Театри  давлатии  лухтаки  шаҳр  ҷамъомади  серодам  баргузор  гардид.  Кормандони  театрро  намояндагони  Вазорати  фарҳанги  ҷумҳурӣ,  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Суғд,  раёсат  ва  шӯъбаи  фарҳанги  шаҳри  Чкаловск,  Театри  драммавии  русии  ба  номи  В.Маяковский, Театри  ҷумҳуриявии  лухтак  ва  ҳамаи  6  театри  вилояти  Суғд  табрик  намуданд.           Директори театр  Абдувалӣ  Мақсудов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки ба  муносибати  ҷашн  намоиши  ҳунарии   ҳунарпешагони он  дар  кӯчаҳои  шаҳри  Чкаловск  ташкил  карда шуд.  Ҳунармандон  таҳти  садои  мусиқӣ аз  кӯчаҳои  марказии  шаҳр  гузар  карда,  сокинони онро  ба  ҷашн  даъват  намуданд.           А.Мақсудов  зикр  кард,  ки  аз  28  ноябр  сар  карда,  ба  тамошобинон  теъдоди  зиёди  асарҳои  саҳнавӣ  пешкаш  карда  мешавад. Дар  байни онҳо  асарҳои  саҳнавии  «Алибобо ва роҳзанон», «Хирсакҳои  хушҳол», «Дарахти дӯстӣ  биншон», «Давоми  қиссаи  духтараки рӯмолсурхак», «Қиссаи  Лаку Пак» ва  ғайра ҳастанд. Дар  ин  намоишҳо  ҳунарпешагони  беҳтарини  театр  Назира  Аҳмадова,  Анвар  Мансурхоҷаев, Бахтиёр  Бердиев,  Аскар  Аҳмадов, Геннадий  Тужилкин  ва  дигарон  бозӣ  мекунанд.             Театри  лухтаки  шаҳри  Чкаловск  60 сол  пеш  бо  ташаббуси  ҳунарпешагони  Қасри  фарҳанги  шаҳри  Чкаловск  ва  Театри  драммавии русии  ба  номи  А.С.Пушкин таъсис  ёфта  буд. Директор,  саркоргардон ва  рассоми  таҳиягари нахустини   театри  лухтак В.Соколова, К. Позняк ва  Л. Тиховская  буданд. Соли  аввал  дар  театр  танҳо  як  ҳунарпеша – А.Волкова кор  мекард, ки баъдан  Ҳунарпешаи  шоистаи  ҷумҳурӣ гардид.  Театри  лухтаки  Чкаловск  имрӯз  на танҳо  дар  Тоҷикистон  балки  берун  аз  ҳудуди он  ҳам  машҳур  мебошад. А.Мақсудов  изҳор  намуд, ки  ҳунарпешагони театр  ояндаи  наздик  ба  Федератсияи  Русия  сафари  эҷодӣ  доранд.

Ноябрь 29, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад