ҚОНУН МОНОПОЛИЯРО АЗ БАЙН МЕБАРАД

Декабрь 9, 2010 09:34

          Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро қабул  кард.        Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва вакили Маҷлиси намояндагон Бег Қурбонов зимни тавзеҳи масъалаи мазкур зикр карданд, ки  мақсад аз таҳияи қонун мутобиқ намудани фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стандартҳои байналмилалии суғуртавӣ, системаи ягонаи байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва инчунин бо ислоҳоти иқтисодию молиявӣ, ки дар ҷумҳурӣ дар ҳоли амалӣ гардидан қарор дорад, ба шумор меравад.    Қонуни мазкур имконият медиҳад, ки муносибатҳои  бозори суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ дар шакли нави бозори муосири суғуртавӣ ташкил шуда, дар  он ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ ба таври рақобатпазирӣ баробар фаъолият намоянд. Ҳамзамон, қонун метавонад монополияро дар суғуртаи ҳатмӣ, ки имрӯз дар бозори суғуртавӣ ҷой дорад, аз байн барад ва дар натиҷаи татбиқи он шумораи депозитҳо афзуда, маблағгузории маблағҳои захиравӣ барои додани қарз зиёд гардида, барои ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Декабрь 9, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад