ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар»Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими заминаи таълими Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони бекор дар асоси қарордодҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ татбиқи лоиҳахои ҳамкориро бо як қатор ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷамъияти ҳамкориҳои техники Олмон (GTZ), Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раёсат оид ба ҳамкорӣ ва рушди Туркия (ТИКА), Намояндагии Ассотсиатсияи олмонии «Каритас» ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат пайваста густариш медиҳанд. Муассиса дар айни замон ҷиҳати таҷҳизонидани синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳо ва озмоишгоҳҳои дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади сифатан ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, ҷорӣ намудани омӯзиши ихтисосҳои нави замонавӣ, ки ба онҳо талабот дар бозори меҳнат зиёд аст, корҳои муайянеро ба сомон мерасонад,- иброз доштанд дар шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба мухбири АМИТ «Ховар».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






