ҲАНӮЗ ҲАМ ТАНЗИМ ПУРРА НЕСТ

Декабрь 14, 2010 15:31

Файзобод,  14 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Зебо  Давлатова). –   Ҳафтаи  охир  дар тамоми  ташкилоту  корхонаҳо, ҷамоату  деҳоти ноҳияи Файзобод вохӯрии раиси  ноҳия Абдулло Ҳакимов  бо    меҳнаткашон бобати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  дар  мавриди  риояи танзими  расму  оинҳо аз  ҷониби  аҳолӣ   баргузор гардид.            Имрӯз, 14 декабр  чунин  вохӯрӣ  бо  иштироки  раиси  ноҳия ва   фаъолзанон дар  Қасри фарҳанг  доир гардид. Раиси ноҳия аз  дастовардҳои  меҳнатии  занони  фаъол   ёдовар шуда, инчунин оид ба камбудию  норасоиҳо сухан  гуфт. Ӯ иброз  намуд, ки ҳоло  ҳам  дар  бисёр  маҳаллаҳо  дар  риояи  танзими  расму  оинҳо  қонуншиканӣ ҷой  дорад. Камхарҷу  каммасраф гузаронидани  тӯю маъракаҳо   кори  як-ду нафар   набуда, бояд  мо  якҷоя  ин  камбудиҳоро  бартараф  намоем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем.              Дар охир раиси ноҳия Абдулло  Ҳакимов  афзуд, ки мо ҳама дар якҷоягӣ бояд    ин  исрофкориҳоро  аз байн  бардорем ва расму оинро дар доираи қонун ба танзим дарорем.   

Декабрь 14, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад