ҶОНИБДОРИИ БЕШ АЗ 10 ҚОНУНИ НАВ

Декабрь 16, 2010 14:51

      Душанбе, 16 декабр.АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 қонуни нав дар иҷлосияи  сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид,  аз ҷониби аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат ҷонибдорӣ гардид.       Қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи ҳифзи  навъҳои растанӣ», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи иммунопрофилактикаи  бемориҳои сироятӣ» ва «Дар бораи фаъолияти  суғуртавӣ»  қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.      Зимни шарҳи қонунҳои нав раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Мамадшо Илолов, Матлубхон Давлатов, Убайдулло Қурбонов ва муовини раиси Кумитаи палатаи болоии парлумони мамлакат  Садриддин Шарифов зикр карданд, ки қонунҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанги экологӣ, муайян намудани асосҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ,  беҳдошти вазъи сиҳатии омма, хусусан рушди институти тибби оилавӣ, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони мутамаддин афзалияти бештар дорад, нақши муассир мебозанд.

Декабрь 16, 2010 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад