7 МЛРД. 822 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

Декабрь 28, 2010 09:07

   Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 7 млрд. 822 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки аз он 4 млрд. 782 млн. сомониаш ба фурӯш бароварда шудааст.    Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба маблағи   1 млрлд. 901 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009  20,2 фоиз зиёд аст.    Дар корхонаҳои коркарди пахта дар ин муддат 707 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.    Корхонаҳое, ки дар ҳайти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ба маблағи 2 млрд. 764 млн. сомонӣ мол истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2009 3 фоиз кам аст.    Дар моҳҳои январ — ноябри соли  2010 аз 810 корхонаи истеҳсолӣ 478 корхона аз сатҳи истеҳсоли моҳҳои январ — ноябри соли гузашта  бештар маҳсулот бароварданд. Дар баробари ин,  70 корхона пурра аз фаъолият монданд.    Аз 78 намуди асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 40 номгӯй афзуда,   28 номгӯй  кам шуда, аз рӯи 10 номгӯй маҳсулот истеҳсол  нашудааст.

Декабрь 28, 2010 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад