АФЗОИШИ КӮМАКИ ОЛМОН БА ТОҶИКИСТОН

Декабрь 15, 2010 16:53

Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард ).-Ҳукумати федеролии Олмон ба Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012 44 миллиону 250 ҳазор евро маблағҳои грантӣ ҷудо мекунад.  Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон хабар доданд, ин  натиҷаи гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон аст, ки дар шаҳрҳои Бонн ва Франкфурт тайи чанд рўзи гузашта баргузор гардид. Ба иттилои сафорат, Ҳукумати федеролии Олмон тасмим гирифтааст, ки дар ин солҳо кӯмаки молиявию техникии худро ба давлати Тоҷикистон афзоиш диҳад. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, ҳамкории техникӣ-молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон, асосан дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва маорифу тандурустӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки  Олмон аз соли 1995 то соли 2010 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 129,3 миллион евро кӯмакҳои молиявию техникӣ расонидааст.

Декабрь 15, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад