«АСРОРИ СУХАН»-И ШОИРОНИ МУОСИР
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо иштироки донишҷӯён ва хонандагони доимии шӯъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир маҳфили навбатии «Асрори сухан», бахшида ба осори намояндагони назму насри адабиёти муосири тоҷик доир гардид. Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Арбоби шоиста, нависандаи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод дар бораи асари сегонаи хеш «Об-рӯшноӣ» маълумоти муфассал дода, аз равиши эҷоди як асари калонҳаҷм, ки дар он аз рӯзгори се насли сохтмончиёни нерӯгоҳҳои барқи обӣ баҳс меравад, нақл кард. Дар ҷараёни маҳфил шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва олими табиатшинос, нависанда Муҳаммад Субҳон аз фаъолияти эҷодии худ сӯҳбат оростанд. Донишҷӯён дар бораи хусусиятҳо ва навъҳои шеърии шоирон табодули назар карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






