БА ИСТИФОДАИ АНГИШТСАНГ ГУЗАШТААНД
Ваҳдат, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Бино ба иттилои сардори шабакаи гармидиҳии шаҳри Ваҳдат Азиз Уразов баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин корхона, ки қаблан тамоми шаҳрро бо гармӣ таъмин мекард, бо сабаби набудани газу барқи доимӣ солҳои охир аз фаъолият бозмонд. Уразов афзуд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани аҳолӣ дегхонаҳои оташӣ ташкил шудаанд, ки бо ангиштсанг фаъолият менамоянд. Дар назди корхона ҳаммоми хубу дорои таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд, ки бо ангиштсанг гарм карда мешавад. Инчунин дегхонаҳои кӯчаи Бохтари ноҳияи Ваҳдат ба маблағи 103 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки ба воситаи ангиштсанг гарм карда мешавад ва аҳолии ин кӯча пурра бо гармӣ таъмин мебошанд. Айни замон зиёда аз 8 ҳазор аҳолӣ дар хонаҳои баландошёна бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд. Дар оянда ният дорем, ки тамоми боғчаю мактабҳои шаҳрро бо истифода аз ангиштсанг гарм намоем. Чунки дар шароити кунунӣ набудани барқу гази доимӣ монеаи асосии кори мост, мегӯяд А. Уразов.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






