БУНЁДИ МАКТАБИ НАВ ДАР ШОДӢ
Хоруғ, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бунёди мактаби нави замонавӣ дар деҳаи Шодии ҷамоати Тавдеми ноҳияи Роштқалъа иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад. Мактаб дорои 8 адад синфхонаи барҳаво ва озмоишгоҳу толори варзишӣ мебошад. Тавре сардори идораи сохтмони асосии вилоят Муҳаббат Раҳматов иттилоъ дод, то имрӯз дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд. Ба хотири бунёди мактаб дирексияи иншооти ҳукуматии назди Президенти мамлакат 1 млн. 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Айни замон корҳои беруниву дарунӣ ва бомпӯш кардани бино пурра ба анҷом расидааст. Иншооти мазкур бояд то ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди истифода қарор гирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






